zoofirma.ru

Машқҳои муштаракДар асоси дастури Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва фармони Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо 4 рӯз машқҳои муштараки «ҲИФЗ -2015» бо иштироки намояндагони 18 шаҳру ноҳия дар қаламрави вилоят гузаронида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои фаъолнокӣ ва чусту чолокӣ дар иҷрои машқҳо беҳтаринҳо бо медал, Ифтихорномаю раҳматнома аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири мудофиаи ҶТ, генерал-лейтенант Шерали Мирзо сарфароз гардиданд.

Ба  Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода раҳматнома эълон карда шуд. Сардори шуъбаи дар Қайроққум буда Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов ва сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании шаҳр Лутфулло Абдуллоев бо медали «20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» сарфарозонида шуданд.