zoofirma.ru

Имрӯзҳо сиёсӣ намудани дини мубини ислом ва ба номи он анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ба як падидаи бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Мутаассифона, ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд.

Дар ҳақиқат ибтидои солҳои навадум дар кишвари мо низ вазъи ноором маҳз аз «диншиносон»-и навбаромад  ва ё рӯирост гӯем аз амалҳои пурғарази ҳизби террористии назҳати ислом ба вуқӯъ пайваст. Мо набояд инро фаромӯш созем.

Маҳз наҳзатиён бо фармудаи хоҷагони берунмарзии худ мамлакати моро ба гиррдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ин нукта дар мулоқот маҳз таъкид гардид. Пешвои миллат ба ҳодисаҳои солҳои аввали истиқлолият, ки гурӯҳе аз бадхоҳони миллат бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон бо мақсади бунёди давлати исломӣ, кишварро ба вартаи нобудшавӣ расонида буданд, ишора карда, зикр намуданд: «Доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ кишвари моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда, чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Онҳо тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд».

Моро бояд имрӯз пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба сулҳу амнияти кишвар, ки пас аз талошҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ва халқи бузургамон даст додаст, шукр намуда, ба корҳои созандагӣ даст зада, оромивуу суботи кишварро тақвият бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ - зиндагии арзанда ва созгор барои ҳар фарди тоҷикистонӣ талош намоем. Дар ин ҷода бетарафиро аз байн бурда, барои тафаккури созанда ҷидду ҷадал намоем. Мавқеи присипиалӣ ва устувор дошта бошем. Бештар хонему дониш андӯзем, аз таҷрибаи ниёгонамон беҳтарин хислатҳоро, ки муҷиби бунёдкорист, дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ сармашқ интихоб намоем.

РАҲИМИ МЕҲРДОД, шаҳри Гулистон