zoofirma.ru

Дар толори Мактаби санъати маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва намояндагони корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Ҷамъомади ботантана бо иҷрои мутантани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳрро бо иди касбиашон таҳният намуд. Зикр гардид, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Вобаста ба ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ иртиботи мустақим дорад.

Дар вазъи идона ба пешоҳангон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин ба як нафар Ифтихорнома, раҳматнома ва чор нафар корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон медалҳои ҷашнии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд. Барои хизмати шоиста 50 нафар собиқадорони соҳа бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода инчунин ба кӯҳансолтарин собиқадори мақомоти милитсияи шаҳр Машариф Расулови 96-сола, ки дар тантанаҳои идона иштирок дошт, туҳфаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иштирокчиёни ҷамъомад барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.