zoofirma.ru

Дар толори муассисаи таълимии №1 шаҳри Гулистон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам, ки проблемаи глобалӣ мебошад, баргузор гардид. Ҳамоишро омӯзгори фанни химия ва биология Махсуда Раҳмонова оғоз намуда, оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, доир ба пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуд.

Сипас сироятшиноси Маркази ВНМО дар шаҳри Гулистон Вафо Бобокалонов зимни баромади худ таъкид кард, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ барномаи махсус амал карда, тибқи он доир ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон нисбати ин беморӣ ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО корҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Хонандагон бахшида ба ин сана газетаи пурмазмуни деворӣ намоиш дода, байни онҳо викторина гузаронида шуда, саҳначаҳои пурмазмун оид ба пешгирии бемории ВНМО ва нашъамандӣ  намоиш дода шуданд.

Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо супорида шуданд. Дар интиҳо директори муассиса Муҳаббат Қузиева барои ташкил ва баргузории чорабинӣ ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуд.