zoofirma.ru

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон аз тарафи мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба 50 нафар ашхоси имконияташон маҳдуди гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, инчунин ба эҳтиёҷмандони яккаву танҳо аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ бо маводи хӯрокворӣ ва ёрии яквақтаи моддӣ дастрас гардид.