zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурўҳи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳо, намояндагони муассисаҳои давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, бонувон ва ҷавонон фаъол баргузор гардид.

Мулоқотро муовини Раиси шаҳр муҳтарам Ғайрат Оқилзода бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас муовини шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Алишер Пирназаров ва муовини сардори ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, капитани милитса Ўктам Ибодуллозода доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили террроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бозгардонидани донишҷўёни дар таълимгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсилдошта ва монанди ин суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии зуҳуроти номатлуб – терроризм ва эктремизм тибқи нақша вохўриҳои судмандро бо иштироки гурўҳи корӣ роҳандозӣ менамояд. Зеро дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳон ва тағйироти босурати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии сокинон аҳамияти бағоят бузург дорад.