zoofirma.ru

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми ҷаҳон ба яке аз падидаҳои хатарноки ҷомеа табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, дар кишвари мо мақомоти дахлдор барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм маҷмӯи чорабиниҳои сиёсию ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ низ аз тарафи омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳӣ, соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳо мубориза бар зидди ин амали номатлуб гузаронида шуда истодааст.

Мубориза бар зидди экстремизму терроризм қисми таркибии таъмини амниятии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ҳамин сабаб Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, инчунин созмонҳои байналмиллалӣ ҳамкории самарабахш анҷом дода истодааст.

Ҷоизи қайд аст, ки қисми зиёди аъзои ин гурӯҳҳои номатлубро ҷавонон ташкил мекунанд. Ҷавонони имрӯза барои пайдо кардани маблащ, шароити хуб ёинки аз сабаби паст будани маърифат ва зуд бовар буданашон ба ин роҳи нодуруст рафта истодаанд. Зеро ҷавонони имрӯза ҳамчун қишри бонуфуз ва фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва ояндаи миллатанд ».

Аз ин рӯ, ҳар як узви ҷомеа: волидайн, омӯзгорон, фаъолон, пирони соҳибтаҷриба, ходимони ҷамъиятию сиёсиро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро ба донишандӯзӣ, ҳунаромӯзӣ,тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ даъват намуда, дар руҳияи садоқат ба Ватан тарбият намоянд.

Мо ҷавонони Тоҷикистон вазифадор ҳастем, ки мубориза бар зидди ин ҷаҳолати гумроҳӣ, яъне экстремизму терроризм барем ва барои Ватани азизи худ, халқи худ софдилона хизмат намоем. Инчунин, насли наврасро ба ҳиси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ даъват намоем. Барои пешрати ҷомеа, ободии Ватани азизамон ҳиссагузор бошем.

Содирҷон Қосимов,

муовини директори МТМУ № 7