zoofirma.ru

Дар маркази шавқмангардонии кӯдакону наврасони “Манижа” маҳфили чароғаки солинавӣ бахшида ба фарорасии соли нави милодии 2020 ба вуқӯъ пайваст.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кӯдакону наврасонро бо фарораси Соли нави милодӣ шодбош намуд. Зикр гардид, ки бо ибтикори вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Турсуной Зокирова ҳамасола дар арафаи Соли нави милодӣ барои қариб 200 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр аз оилаҳои ниёзманд чунин чорабинӣ роҳандозӣ мегардад.

Барои бачаҳо дасторхони идона густурда шуда, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаи рангини солинавии “Марҳабо, эй соли нави умедҳо!”-ро манзур карданд. Ҳамзамон, ба бачаҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.