zoofirma.ru

Дар толори корхонаи муштараки “Апрелевка” мулоқоти гурӯҳи ташвиқотӣ оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 бо кормандони корхона ва фаъолони шаҳраки кӯҳканон доир гардид.Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қайд карда шуд, ки Паёмҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масъалаҳои муҳими ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун дастур  барои  масъулини соҳаҳои марбута хидмат менамоянд.

Чӣ тавре, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар ҳамаи самтҳо, дар тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим пешравиҳову муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар оғози Паём таъкид шуд, ки «Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Пешвои миллат дар Паёми хеш борҳо таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати мамлакат ба як ҳадафи волотарин  — таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

Имсол мо боз як қадами дигар ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавем ва ин бояд масъулияти моро дучанд гардонад. Зеро истиқболи арзанда аз ин санаи муқаддас нишони ватандориву ватанпарастии ҳар сокини кишвар аст. Дар ин маврид Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд».

Пас аз ин даъвати Сарвари хирадманди давлат моро зарур аст, ки ба раванди омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза бахшем. Ҳар як шаҳрванд ва сокини кишвар бояд ба қадри имкон ва тавони худ барои истиқболи арзанда аз ин сана саҳми худро гузорад.

Баъдан муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода, роҳбари  гурӯҳи ташвиқотӣ, директори мактаби президентӣ Мадина Набизода, собиқадори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳамрохон Атаева, дотсенти МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳалим Зоиров ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслима Ҷамолиён ва директори генералии корхонаи муштараки «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар суханронӣ намуданд.