zoofirma.ru

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Шоистаи қайд аст, ки таъсис ва фаъолияти итти-ҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсие, ки наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бад-бинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват ме-намоянд, манъ аст.

Имрӯзҳо шомилшавии ҷавонони мо ба ҳизбу равияҳои тундгаро боиси ташвиши ҷомеа гардидааст. Бинобар ин, мо муваззаф ҳастем, ки баҳри амният, сулҳу осоиштагӣ дастҷамъ буда, ҷавонон ва наврасонро дар руҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳқими сулҳу субот, мубориза бо ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар дасти худи ҷамъият ме-бошад.

Имрӯз аҳли ҷомеа набзи асосии тапиши ҳаёт ва зиндагӣ ба ҳисоб ме-равад, чунки танҳо бо зиракии сиёсӣ, аз байн бурдани бетарафӣ ва дар роҳи дуруст ва бунёдкорона ҳидоят намудани насли наврас, ободонӣ ва бехатарии аҳли ҷомеаро таъмин намуда метавонем.

Бояд мардум хуб дарк намояд, ки ҷавҳари хушбахтии инсон дар тинҷиву оромӣ, ташаккул додани насли солим мебошад, ки ин на танҳо ба маънои солимии ҷисмонӣ, балки сиҳатии фикру  рӯҳ аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон душманони миллат бо истифода аз паст будани маърифати динӣ ва сиёсии насли ҷавон бо ниятҳои нопоку носозандаи хеш то андозае наз-дик шуданд.

Аммо, хушбахтона тири онҳо хок хӯрд ва дар рӯзҳои вазнинтарин бо изни Худованд фарзанди фарзонаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Ин шахсияти бузург бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи хеш тавонист ҳамаи халқиятҳоро бо ҳам дӯст намуда, гурезагонро баргар-донад ва барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фаро-ҳам орад.

Беҳуда нест, ки сулҳи тоҷиконро бузургтарин сиёсатмадорон ва сиё-сатшиносони олам мавриди омӯзиш қарор дода, онро нодиртарин таҷрибаи сиёсии ҷаҳон ном мебаранд.

Афсӯс, ки пас аз сипарӣ шудани даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бархе ба сафи равияҳои тундгаро ва экстримистӣ ҳамроҳ мешаванд.

Мо, аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ пеши роҳи ин падидаи номатлубро ги-рифта метавонем. Ҳамагонро зарур аст, ки дар атрофи Президенти соҳиб-хиради худ муттаҳид гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён боз ҳам баландтар бардорем.

Дилбар Қосимова,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик МТМУ №8-и шаҳраки Сирдарё