zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мастчоҳ № 18 мулоқоти номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи номбурда баргузор гардид.

Раиси ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мастчоҳ № 18 Абдураҳмон Сафаров мулоқотро ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки тибқи талабот ва муқаррароти моддаҳои 14 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрии мазкур ба вуқӯъ пайвастааст.

Сипас шахсони боэътимоди номзадҳо Улмас Эркаев ва Илҳом Мадализода номзадҳоро муаррифӣ намуданд. Номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода ва Ғайрат Оқилзода доир ба барномаи амали худ сухан ронданд. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён роҷеъ ба барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Интихобкунандагон доир ба барномаи амали номзадҳо фикру мулоҳизҳаҳои худро баён намуда, доир ба барномаи амали номзадҳо саволҳо доданд.

Чунин мулоқот худи ҳамон рӯз дар толори корхонаи муштараки “Апрелевка” дар шаҳраки Консой низ баргузор гардид. Мулоқоти номзадҳо дар ҳавзаи номбурда тибқи нақша идома дорад.