zoofirma.ru

Омӯзиши муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки сарбозони қисми низомӣ, кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Гулистон ва идораи рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” баргузор гардид.

Чорабиниро командири қисми низомии 45025 полковник, Имомалӣ Иброҳимзода ифтитоҳ кард. Сипас Ҷӯрабек Исоматдинов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров, узви Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суѓд баромад намуда, доир ба самтҳо ва ҳадафҳои таърихии Паёми Пешвои миллат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла таълиму тарбия ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки дар Паём бо нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат бо далелу рақамҳои мушаххасу дақиқ таҳлил карда шуданд. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, яъне расидан ба ҳадафҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мусоидат намуд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳадафи стратегияву барномаҳои қабулшуда ва вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, пеш аз ҳама таъмини пешрафти иқтисодиёт, ободии Ватан ва сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон