zoofirma.ru

Мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст. Солҳои охир дар гӯшаҳои олам нооромиву низоъҳо афзун гашта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Нооромиҳо торафт доман паҳн карда, таҳдиду хатари глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст.

Ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон боиси таассуф ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст, ки баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд, дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводи илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардоранд.

Аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори умум огоҳӣ ёбад ва ба он баҳо диҳад,  ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободию шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро аз комёбии беназир донад,  воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намояд. Муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводҳои шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намоянд.

Сайҳуна Шарифзода,
мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон