zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон Фестивал-озмуни шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Бо мақсади тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросими анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ 46 нафар гулдухтарони гулистонӣ дар фестивал-озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, маҳорати парвариши намунаи зебоӣ ва аломати муҳими бонувонро бо завқи хоса намоиш доданд.

 

Фестивал аз рӯи 4 бахш ҷараён гирифт. Дар бахши аввал ороиш ва мӯйбофии қадим Нисо Ваҳобова, Садбарги Абдуҷаббор ва Зарина Раҳматҷонова, дар бахши дуввум мӯйи дарозтарин Бисолиҳа Саидмуродова, Сабрина Роҳатқулова ва Матлуба Сатторова, дар бахши сеюм ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ Ҳидоят Усмонова, Мадина Дадобоева ва Саломат Раҳмонова, дар бахши чорум фарогири ороиш ва мӯйбофии замони муосир, ороиши мӯй ба тарзи замонавӣ бо либосҳои хоси миллии замонавӣ Маниҷа Ғаниева, Сабрина Салимова ва Ясмина Олимова сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Барои иштироки фаъоли кӯдакона 18  нафар бо туҳфаи махсус мукофотонида шуд. Ҳамзамон, ба ғолибон ва иштирокчиён диплому туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.