zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Гулистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи як Сафаралӣ Самизода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон Темур Шарифзода ва намояндагони мақомоту ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Сафаралӣ Самизода, прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи як ифтитоҳ бахшид. Мавсуф иброз дошт, ки тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр барои солҳои 2018-2019 аз рӯи масъалаҳои назорати умумидошта, санҷиши ҳолати қонунгузориҳо оид ба меҳнат, пардохти саривақтии музди меҳнат, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохти оби нӯшокӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳолати ииҷрои қонунгузории санитарию эпидемиологӣ ва ғайра чораҳо андешида шудааст.

 

Дар давраи солҳои 2018-2019 дар самти назорати умумӣ 74 адад санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкор гардида, сабабу шароити ба он мусоидаткунанда 12 амр, 45 пешниҳод фиристода шуда, ба қарору фармонҳои ғайриқонунӣ 87 эътироз оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 29 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 12 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 174 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 24 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Инчунин аз ҷониби прокуратураи шаҳр вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» санҷиш гузаронида, оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, 11 пешниҳод, 12 амр бароварда шуда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 14 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, вобаста ба қонунгузории мазкур ягон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст.

Дар ин давра инчунин дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон масъалаҳои марбут ба самти назорати умумӣ вобастабуда баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи риояи қоидаҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ, риояи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо ВНМО” ва қонунгузори дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва амсоли ин мебошанд.

Дар интиҳо зикр карда шуд, ки Прокуратураи шаҳри Гулистон баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чораҳои муассир меандешад.