zoofirma.ru

Ба ҳамагон маълум аст, ки хоинони Ватан дар кишвар бо супориши хоҷагони хориҷиашон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд ва мақсади аслиашон ба қисматҳо тақсим намудани Ватан буд. Шукронаи беҳад, ки пеши роҳи ин нақшаи ғаразноки душманони миллат гирифта шуд.

Ҳоло насли ҷавон бояд огоҳӣ дошта бошад, ки аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат ба хотири сарвату дороӣ боз ҳам амалҳои нангинро содир мекунанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст ва бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон иртиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст, ки ин нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Ҳоло назҳатиён барои гумроҳ намудани насли наврас талош менамоянд ва барои ин амали номардонаву хиёнаткоронаи худ боз маблағ мегиранд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ба хотири гумроҳ нагардидан ва фирефтаи ин хоинони миллат нашудан бояд аз мутолиаи маводҳои тарғиботии ин тоифаи баднигоҳ худдорӣ варзем ва ҷавононро эҳтиёт намоем, то ба мафкураашон андешаҳои ботил роҳ наёбад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз созмонҳои террористӣ – экстремистӣ мебошад ва дар тайи фаъолияти худ аз ҷониби аъзояш даҳҳо амалҳои террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар содир карда шудааст, ки ин нобахшиданист ва албатта ин симои асливу махуфи наҳзатиён мебошад.

Орзугул АБДУСАМАДОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №13-и шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон