zoofirma.ru

Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва маркази таълимию дӯзандагӣ бунёд мегардад.

Қабл аз гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳим зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо дар вилояти Суғд бунёди беш аз 10 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз маҷмӯи иншооти бунёдшаванда корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, иншооти гидроэнергетикӣ, мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои саломатӣ мебошанд.

Дар ин раванд корҳо дар шаҳри Гулистон низ бо маром вусъат меёбанд. Ба таъкиди Раиси вилоят бунёду мавриди баҳрабардори қарор гирифтани ин ду иншооти замонавӣ барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ хело муҳим аст. Воқеан саҳми аъзоёни ҲХДТ зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи бахшҳо хело назаррас мебошад. Зеро ҲХДТ бо ҳадафҳои созандааш собит намуд, ки он пешбарандаи иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дар маҷмӯъ ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ мебошад. Аз ин рӯ бунёди ин бино имкон фароҳам хоҳад овард, ки дар шароити хуби корӣ кормандон ва аъзоёни ҲХДТ дар пешрафти ватани азизамон заҳмат кашанд.

Бунёди маркази таълимию дӯзандагӣ, ки аз 3-ошёна иборат мебошад, имкон фароҳам хоҳад овард сокинони шаҳри Гулистон ба омӯзиш ва рушди ҳунарҳои халқӣ бештар машғул гарданд.

Сокинони шаҳри Гулистон зимни суханронии худ таъкид карданд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон бисёр ҳам зебо шуд.  Дар ин самт шаҳри Гулистон низ, ки шаҳри сайёҳӣ мебошад, симояш ба кулли тағйир ёфт ва шумораи сайёҳони хориҷӣ маҳз бо мақсади дидани манзараҳои зебову истироҳат дар соҳили баҳри тоҷик бештар шуд. Бунёди ин ду иншоот бо тарҳу намои миллӣ бунёдшаванда барои боз ҳам зебо шудани шаҳри Гулистон заминаи мусоид мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд