zoofirma.ru

Дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15 Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Абдусамад Кенҷаев ифтитоҳ намуд.

Сипас, шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Каромат Қосимова доир ба шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуд.

Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар суханронии хеш зикр кард, ки барномааш дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳия ва омода гардида, дурнамо ва ҳадафҳоеро дар бар мегирад, ки дар партави амалӣ намудани нуктаҳои муҳими Барномаи мазкур қарор гирифтааст.

 

Номзад ба вакили Маҷлиси вилоятӣ инчунин доир ба масоили марбут ба шаҳраки геологҳо - Сирдарё суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрак бунёд беш аз 15 иншооти ҷашнӣ, тармиму таъмир ва азнавсозии он дар назар аст. Зикр гашт, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барномаи навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳамияти аввалиндараҷа доранд, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам мегардад. Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама, ба ҷалби аъзои ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ марбут аст.

Мулоқот бо пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон анҷом ёфт.