zoofirma.ru

Терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад.

Моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин ишора барои он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад ва кишварҳои  ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият Ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми кишварро гумроҳ намуда, ба ҷойи он ки бо давлату ҳукумат созиш намуда, баҳри ободии он саҳм гузорад, аммо наҳзатиён бо омода намудани душманон ва силоҳбадастони хунхор машғул буданд, ҷангиёни худро баҳри гирифтани таҷриба ва дар ҷангҳои дохилии мамлакатҳои Сурия ва Ироқ раҳсипор намуданд ва оқибат баҳри табаддулот дар мамлакат истифода намуданд. Ҳама шоҳиди онем, ки дар давоми солҳои фаъолияти хеш ТЭТ ҲНИ чӣ корҳои “хайр”-ро ба сомон расонидааст, ба ғайр ҷангу иғво. Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои мо - тоҷикон аст. Имрӯз бошад, Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд ба хотир биёрем, ки роҳбарияти ин ҳизб дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заррае саъю кӯшиши худро нишон надодааст. Фаъолияти роҳбарияти ҳизб омода намудани шогирдони нохалафи худ ва дар онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротӣ буд. Дар баробари ин, танҳо барои манфиатҳои худ ва сармоягузорӣ гардиданаш аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил менамуд ва ба онҳо ваъдаҳои бардурӯғ медод, оқибати ин фиребу найранг ба чӣ оварда расонид ҳамаи мо нағз медолнем.

Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Мафтуна Ҷӯраева,

вакили Маҷлиси вакилони халқи Гулистон