zoofirma.ru

Бахшида ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалики шаҳри Гулистон Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба пояи муҷассамаи “Ёдбуд” гулчанбар гузошт.

Зикр бояд кард, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар радифи санаҳои фаромӯшношуданӣ ва барои тамоми инсоният аз ҷумла мо тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шаборӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҳудуди шаҳри Гулистон ягон нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд. Имрӯз якҷоя бо мо аз садҳо нафар иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватани танҳо 5 нафар заҳматкашони диловари ақибгоҳ дар тантанаи 75-солагии Рӯзи Ғалаба ширкат доранд. Аз ҷумлаи заҳматкашони ақибгоҳ се нафарашон бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки ду нафар фиристодагони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» Эгамбердӣ Хоҷамбердиев ва Иосиф Нишев ҳарду аз шаҳраки Адрасмон барои корнамоиҳои ҷангиашон бо се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд.