zoofirma.ru

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳандўстӣ, баланд бардоштани маърифату маданияти занону духтарон, ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии занону духтарони ҳунарманди соҳибистеъдод, бо мақсади тарғибу ташвиќи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мутобиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рўзи байналмилалии оила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Бахшида ба ин рўз як зумра оилаҳои барўманд ва ҳунармандони маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон, аз ҷумла оилаҳои Шарифбоевҳо, Раҳматовҳо, Худойбердиевҳо, Шодиевҳо, Раҳимовҳо, аёдат карда, туҳфаҳои Раиси шаҳри Гулистон супорида шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз тарафи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оилаи Давлятбаеваҳо аёдат гардид.