zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрак сафари корӣ анҷом дод.

Сараввал Раиси шаҳр аз беморхонаи рақами 4-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуда, бо кормандон ва табибони ин беморхона суҳбат намуда, вобаста ба вазъияти имрӯза табибонро супориш дод, ки ба беморон ҳалиму меҳрубон бошанд. Инчунин, қайд намуд, ки захираи маводи зарурии тиббӣ, аз ҷумла ниқобу дастпӯшакҳо ва анесиптикҳо ба таври кофӣ мавҷуд аст.

Ҳамзамон, бобати пешгирӣ намудани аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ ва пеши роҳи паҳншавии онро гирифтан бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон суҳбат намуд. Зикр гардид, ки тадбирҳои саривақтиро андешида, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ-ташвиқотӣ пурзӯр карда шавад.

- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мо бояд дар чунин шароити баамаломада сарҷамъу муттаҳид бошем, меҳру муҳаббати якдигариро фаромӯш накунем, - зикр намуд Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода.

Раиси шаҳр ба роҳбарони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳр дастуру супориш дод, ки бояд дар таъмини саривақтии сокинони осоишта бо доруворӣ ва таъмини ғизои солим, инчунин баҳри безараргардонии маҳалли зист корҳои безараргардонӣ хуб ба роҳ монда шавад.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон