zoofirma.ru

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанде аз собиқадорони меҳнати шаҳрро аёдат намуда, ба онҳо маводи ниёзи аввал тақдим кард.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз ҳоли собиқадорони арсаи меҳнати шаҳр Рамзия Давлятбаева, Гушина Алевтина, Рима Беляева, Ли Роза ва Неъматҷон Исмоилов собиқадори соҳаи тандурустиро бохабар гардида, аснои суҳбат зикр намуд, ки ҳаёт ва фаъолияти шахсони барӯманду соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат буда, маҳз Пешвои миллат ба собиқадорон тавҷҷуҳи хосса доранд ва нисбат ба онҳо ғамхорӣ менамоянд. Расонидани кӯмаки яквақтаинаро дар рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳо, дастгирии ниёзмандон ва пешгирӣ аз вабои аср, яъне бемории коронавирус COVID-19 донист.

 

Ин амали хайр боиси сарфарозии аёдатшудагон гардида, барои чунин ғамхорию дастгирӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз дорухонаҳои марказии шаҳр боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ Раиси шаҳр доир ба нарху навои доруворӣ бо фурӯшандагон суҳбат намуда, ба таври сунъӣ баланд набардоштани нархи дорувориҳо ва лавозимоти тиббӣ супориш дод.

Инчунин доир ба фаъолияти муътадили дорухонаҳо дастур дода, барои ба шаҳрвандон фаҳмонидан ва худдорӣ кардан аз истеъмоли ҳар гуна дорувориҳо бе тавсияи табибон чораҷӯӣ намоянд.