zoofirma.ru

Аз расонаҳои хабарӣ огаҳ шудем, ки як тан аз зани тоҷик Зарафо Раҳмонӣ, узви Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнўъ эълон гардидааст ва кунун ин созмон чун ташкилоти тундрав ва ифротгаро маҳв дониста мешавад) ба озодӣ баромадааст. На, ўро чун модари тоҷик Президенти мамлакат тараҳҳум карда, авф намудаанд, ба озодӣ баромадааст. Бале, сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин зани раҳгумзада ва зудбоварро бахшиданд.

Худи ў мегӯяд: «Ба номи Президенти кишвар нома навишта, аз он кас хоҳиш намуда будам, ки маро бахшанд. Боварӣ доштам, ки он кас нисбат ба як зан тараҳҳум хоҳанд кард ва чунин ҳам шуд, ки ман хеле ва хеле миннатдорам».

Ин зан худ дар маҳбас буду фарзандаш дар суроғи модар ҳамарўза ба дидани ў муштоқ мешуданд.

Ба ин зан ҳамсафони наҳзатиаш талқин менамуданд, ки ту озод нестӣ ва озодиҳои динии ту маҳдуд аст, барои ин ба ҳодисаҳои хатарнок шарик бошӣ. Акнун Зарафо Раҳмонӣ ин гуфтаҳои ҳамрадифонашро ба озодӣ баромада, ба худ бо таҳлилҳо, воқеият ва ҷараёни рўз маънӣ мебардорад, ки басо хатои азим карда будааст. Аз пушаймонӣ чӣ суд? Ақлу тамиз, идроку зеҳни тозаи инсониро барвақт эҳсос карда тавонистан, ба умеди фарзандон донистанаш зарур ва муҳим мебуд!

Зарафо Раҳмонӣ мегўяд, ки агар тараҳҳуми Пешвои миллат нисбат ба мани зан намебуд, ман ба дидори фарзандони дилбандам намерасидам. Ман акнун шукри Истиқлолият менамоям. Вале пештар маро раҳгум зада буданд, ки ба аъзои раёсати ин ҳизби ифротгаро шомил шавам, маро ба ҷанг кашиданд, онҳо хостанд, ки кишварамонро бо дасти худ ноором созем, онҳо мансабхоҳу қудратталаб - ҳамагӣ то понздаҳ нафар буданду халос!

Акнун шояд ин зани раҳгумзада эҳсос намояд: ифротгароӣ ин ҳамон тундравӣ аст, маънои ҳодисаҳои хатарнок ва даҳшатангезро дорад, одамон ин калимаро шунида, дар ҳамон замон хатар, эҳтиётро эҳсос менамоянд.

Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозeъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Инро ў бо ҳадафҳои ҳизби наҳзати террористӣ қиёс менамоянду акнун пушаймонӣ ба сар дорад!

Малика Ашурматова,

сокини шаҳри Гулистон