zoofirma.ru

Шукргузорӣ аз озодии эътиқодДар тамоми масоҷиди ҷомеи шаҳр субҳи 24 сентябр намози ид баргузор шуд. Ба муносибати Иди саиди Қурбон табрикоти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзодаро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи намозгузорон расониданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад.

 

Чун соири мусулмонони кишвар Иди саиди Қурбон дар шаҳри Қайроққум низ дар самти баланд бо шукргузорӣ аз қонунгузории давлат, ки озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат медиҳад гузашт.