zoofirma.ru

Аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои омодагиву пешгирӣ дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ гашта истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд. Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

Баҳри таъмини хизматрасонии босифат ба беморон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис дода шуда, мутахассисони вазорат, олимони шинохтаи соҳаи тиб тавассути технологияҳои муосир тариқи мустақим ба ниёзмандон кумаки машваратӣ расонида истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти бахши тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони беморхонаҳои бо технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуд.

Имрӯзҳо дар пайравӣ аз ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат вазорату идораҳо, шахсони саховатманд ба марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо маводи доруворӣ ва хӯрокворӣ, таҷҳизоти тиббию маҳлулҳои антисептикӣ дастрас менамоянд.

Рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлат ҳамарӯза ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати пурзур кардани корҳои таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоид барои муолиҷаи гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон