zoofirma.ru

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Бо чунин абёти устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳфили адабии «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» оғоз гардид.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Муслимахон Исоқова оид ба фаъолият ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ ҳарф зад. Панду насиҳатҳои Рӯдакӣ дурдонаи тобдори ганҷинаи ҳикмати халқи мо, ки аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон барои ҷавонони имрӯза боқӣ мондааст.

Аз ҷониби хонандагони МТМУ-и №11 шеъру ғазалҳо аз ашъори Маликушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат карда шуд.

Дар поёни маҳфил аз куллиёти устод суруд аз ҷониби бонуи навгарзанӣ Нигора Ашӯрова садо дод. Рӯзи Рӯдакӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навгарзан басо хотирмон гузашт.