zoofirma.ru

Дар озмуни «Ҳунар беҳ аз симу зар» пирӯзӣ насиби Робиямоҳ Иномҷонова гардид. ӯ дар муддати 10 дақиқа гули зебоеро бо номи «Наргис» бофта манзури ҳакамону иштирокдорони чорабинӣ намуд.

Ҳунармандии ин бонуи чирадасти навгарзанӣ ҳамагонро ба ваҷд овард. Тавре худи Робиямоҳ нақл мекунад ӯ ин ҳунари аҷдодеро дар наврасиаш аз Светлана – хола ном зани рус, ки дар шаҳрак иқомат дошт омӯхтааст. Айни замон Р.Иномҷонова саъй бар он дорад, ки 5 фарзанду 9 набера ва дигар ҳамдиёронашро аз нозукиҳои касби гулдӯзӣ баҳраёб намояд.

Муслимахон Исоқова, мудири бахши кор бо занон ва оила аснои баргузории озмун ба маҳорати ин бонуи гулдаст баҳои баланд дода, аз кулли занону духтарони шаҳрак даъват ба амал овард, ки аз Робиямоҳ Иномҷонова асрори касбро омӯзанд.