zoofirma.ru

Соли ҷорӣ бо як қатор мушкилиҳои хеш мардуми ҷаҳонро ба ташвиш гузошт. Махсусан авҷ гирифтани бемории ҳамагири ковид-19 барои аҳли олам нобасомониҳои зиёд овард. Хеле аз кишварҳои муттарақии олам бо вуҷуди доштани иқтидори зиёди молиявӣ ва технологияи пешрафтаи тиббӣ алайҳи пешгирии бемории мазкур оҷиз монданд.

Аз он ҷумла як қатор мамолики Аврупову Амрико, ки худро шикастнопазир мешумориданд ва ақида доштанд, ки гӯё ягон мушкилоти сайёра онҳоро ба ташвиш оварда наметавонад. Вале мутаассифона қадами шуми бемории ҳамагири коронавирус маҳз ҳамин давлатҳои абарқудратро ҷиҳати пешгирии ин маризӣ ночор гузошт. Дар қатори зиёда аз дусад давлати ҷаҳон кишвари азизи мо низ мубталои ин беморӣ гардид. Дар рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ тамоми сокинони сайёра ба ваҳму таҳлука афтоданд, ки дар он шабу рӯзҳо мардуми аз ҷиҳати равонӣ азиятдида ба шахсиятҳое ниёз доштанд, ки бо суханҳои самимӣ ба онҳо умед ба ояндаи нек бахшад.

Хушбахтона, дар кишвар миёни ҷоме ингуна шахсон фаъолият доштанд ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирии бемории мазкур тамоми тадбирҳои заруриро андешид. Вале ман аз он мутаассифам, ки дар ин шабу рӯзҳо шахсиятҳои манфуре вуҷуд доранд, ки дар рӯзи ғами мардум табли шодӣ мезананд ва ба ҳиссиёту эҳсосоти мардум бозӣ карда ақидаҳои иртиҷоии худро дар шуури шахсони ноогоҳ ҷой карданианд. Чеҳраи манфури ин шахсиятҳо ба ҳамагон аён аст, ки ҳамагӣ чанд сол қабл хостори табаддулоти давлатӣ гашта ба мақсадҳои нопоки худ нарасида ба хориҷи кишвар фирор намуда бо дастгириву сармоягузории хоҷагони хориҷиашон дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда шабакаҳои иҷтимоиро ҷои тарғибу ташвиқи ақидаҳои номатлуби худ қарор додаанд.

Имрӯз, ки технологияи навин дастраси тамоми сайёра гардидааст, ин аҳримансифатон аз ноогоҳӣ ва тафаккури пасти тудае аз бесаводон, ки аз таъриху тамаддун ва гузаштаи худ огоҳӣ надоранд истифода бурда бар он назаранд, ки гӯё ҷонибдорони онҳо зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки шахсиятҳое ифротгаро мешаванд, ки дорои ахлоқу маънавиёти паст ва аз ҷодаи одаму одамгарӣ фарсахҳо дуранд ҳамеша кинаву адоват ва ҷоҳилиро дар замири худ парварида нисбат ба шахсоне, ки барои халқу Ватан хидматҳои шоиста мекунанд бадбинӣ зоҳир мекунанд. Вақте ки ба таърихи охири қарни бист ва солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон менигарем, маҳз анаҳамин гуна гурӯҳе аз наҳзатиҳо бо истифода аз номи дини мубини Ислом ва супориши бегонагон як зумра шахсиятҳои барӯманди кишварро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Ҳар он шахсе, ки аз таълимоти дини  мубини Ислом, хулқу атвори Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ва пешвои мазҳаби Ҳанафӣ Абӯҳанифа Нумон ибни Собит огаҳӣ дорад, ӯ ҳеҷ гоҳ нисбати нафаре ё миллате хусумат дар дил ва дар ниҳодаш ҷудоихоҳиву тафриқаандозиро роҳ намедиҳад. Вале мутаассифона имрӯз ифротиҳое пайдо шудаанд ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзо Салимпур, Саидюнуси Истаравшанӣ ва як зумра ҳаммаслакони инҳо, ки дар забонашон номи Ислом асту аммо дар дил амалҳои шайтониро мепарваранд. Ин шахсиятҳо вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро чун сагони айёре нишон дода истодаанд, ки ҳар он шахс ки аз шахсияти аслии ин аҳримансифатон огаҳӣ надорад фикр мекунад, ки гӯё ин шахсон ҳақиқатпарасту фурӯтану хоксору ватанхоҳанд. Инро гуфтаниам, ки инҳо барои ҷалб ва иҷрои нақшаҳои касифи худ худро чунон вонамуд мекунанд, ки мардум ба онҳо бовар кунад. Ҳамин нукта кофист, ки шайтон ҳамеша аз макру ҳилла ва фиребу найранг баҳри пиёда сохтани нақшаҳои худ истифода мекунад.

Ҳар он шахсе ки сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек ба хубӣ ҷудо карда метавонад ӯ дарк карда метавонад, ки инҳо танҳо хоин ҳастанду бас. Он шахсони ноогоҳ, ки пайравӣ аз хоинон мекунанд боре фикр намекунанд, ки ин хонинон хориҷ аз кишвар дар ҳеҷ ҷои расмӣ фаъолият намекунанд, вале он дороиву сармоягузории онҳо аз куҷост? Бешубҳа гуфта метавонем, ки аз пули ифлосе, ки ба ивази ватанфурӯшиву миллатфурӯшӣ ба даст меоваранд.  Ин ватанфурӯшони беномус, ки заррае ҳам дар вуҷудашон ҳисси мардонагӣ вуҷуд надорад дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маблағгузорӣ ва дастгирии сарпарастии хориҷиашон сомонаҳои ифротиву иғвоангезӣ боз намуда, дар ин сомонаҳои разилонаи худ ҳамеша нисбати шахсиятҳои мақомдори миллати тоҷик туҳмату бӯҳтон, иғво ва дашном паҳн карда ба эҳсосоти мардум бозӣ кардан мехоҳанд. Аз рӯи таҳлилҳо аён мегардад, ки маводҳои дар сомонаҳои онҳо нашргардида ягон асоси воқеӣ надошта, танҳо аз олами хаёлоти бадбинонаи худ ва санъати баланди муболиға истифода бурдаи онҳост. Ин хоинон пеш аз оне ки маводҳоро дар сомонаҳои худ нашр мекунанд, муддате дар зери ҳарами сарпарастонашон дарси хоиниву ифротгароӣ ва мағзшӯиро меомӯзанд. Ҳамчунин он ашхосе, ки дар он сомонаҳо худро аз ҳар гӯшаву канори кишвар  ҳамчун пайрави онҳо муаррифӣ менамоянд ҳеҷ асоси воқеӣ надорад ва онҳо танҳо чанде аз кормандони сомонаҳои худашон ҳастанд, ки бешармона худро сокини ин ё он гӯашаву канори кишвар муаррифӣ намуда таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб карданианд. Мардуми сарбаланди тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ҳамаи амалҳои ғаризонаи онҳо сохтакорие беш нест.

Вақте ба таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди худ назар меафканем аҷнабиёни зиёде бо воситаи бархе аз ҳамингуна хоинони дохилӣ бар сари миллати тоҷик зулму ситамҳои зиёде ба бор оварда, кам монда буд, ки номи миллати тоҷикро аз байн баранд. Хушбахтона фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят ҳассос зимоми давлатдориро бар даст гирифта миллати тоҷикро аз арсаи нобудӣ наҷот дода, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд муаррифӣ намуда, зиёда бо дусад кишвари олам ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монданд. Дар тӯли ин муддат кишвари азизи мо ба якчанд ҳадафҳои муҳими стратегии худ ноил гардида, ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Ин дастовардҳо ба гурӯҳи хоинони миллати тоҷик мақбул намеояд ва аз ин сабаб ба иғвоангезиву тӯҳмату бӯҳтон даст мезананд. Маҳз ин бадбинӣ буд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз дасти тудае аз хоинони наҳзатӣ беш аз 150 000 шаҳрвандон ҳалок гардида як миллион нафар фирорӣ шуданд ва ҳамзамон зиёда аз 10 миллиард доллар ба буҷаи давлат хисорот ворид гардида, зарари маънавии он рӯзгор бешумор аст.

Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар, ки аз обу ҳавои ин сарзамин нафас гирифта, дар хоки муқаддаси он умр ба сар мебарад уҳдадор аст, ки арзишҳои миллиро гиромӣ дошта баҳри ҳифзи Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдату ягонагӣ кӯшиш намуда, ба ҳар гуна суханҳои бофтаю сохтаи иғвоангезон дода нашуда нагузорад, ки афроди нохалафе ба амну осоиштагии рӯзгори мардум халале ворид созад. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки рӯзгори обод, тинҷиву оромӣ ва хандаи беғаши аҳли ҷомеа аз ҳар яки мо вобастагии амиқ дорад. Ҳар яки моро лозим аст, ки ҳамарӯза баҳри ободиву шукӯфоии Ватан ҷидду ҷаҳд намоем ва онгуна, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ мефармояд:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,
директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон