zoofirma.ru

Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ифтихори 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамшаҳриёни арҷманд!

Ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, тамоми мардуми шарифи шаҳрамонро ба муносибати бисту сеюмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсозамон мебошанд”.

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.

Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тибқи он саъю талош намуда, дар давоми наздик бисту нуҳ соли Истиқлолияти миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии Ватани азизи худ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризояти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Дар баробари ин туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии некӯаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналхалқӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Шукр мегӯем ва шукрона аз он дорем, ки Ваҳдат насибамон гашт. 23 сол дар солномаи таърих муддати тӯлонӣ нест. Вале тайи ин солҳо баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуд, ғояҳои созандагию бунёдкоронаи халқу давлат зина ба зина амалӣ гардид.

Боварӣ дорам, ки меҳнаткашони сарбаланди шаҳри Гулистон мисли тамоми тоҷикистониён барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва неруи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, монеаҳо ва душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд ва диёри худро ба минтақаи ободу пешрафта табдил медиҳанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шаҳрро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед, ҳамшаҳриёни азиз!