zoofirma.ru

Терроризм яке зуҳуроти ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ таъсиркунанда ба ҳисоб рафта, солҳои  60-уми асри гузашта ба амал омадааст. Яке аз мақсадҳои асосии ин сохтор ба даст овардан ва дигаргунсозии системаи идораи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан терроризм дар ҷомеаи имрӯза хатари вайрон кардани шаклҳои давлатдорӣ ва байни мардум паҳн кардани ваҳму тарс,  нооромӣ  ва бетартибиҳову  хунрезиҳоро  дар худ  таҷассум менамояд.

Имрӯз яке аз хатари бузурги ҷомеа мавҷудияти гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва террористӣ ба шумор меравад. Байни мардум паҳн кардани ақидаи нодуруст ва ба шуури онҳо бо роҳи таҳдид ворид сохтани ақидаҳои нодурусти диниву дунявӣ яке аз амалҳои гурӯҳҳои экстремистӣ мебошад. Шахсоне, ки ба доми ин ташкилотҳо ворид шудаанд, ақидаи худро соҳиб намебошанд. Аксарияти шахсоне, ки ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мегарданд, ин бархе аз ҷавонони гумроҳу бедониш ҳастанд. Зеро онҳо аз сабаби паст будани дониши диниву дунявӣ фирефта гашта, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ  пайваст мешаванд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ қариб ҳамарӯза оид ба амалҳои номатлуби ин гуна гурӯҳҳо дар гӯшаву канори гуногуни олам хабарҳо паҳн мешавад. Терроризм ва экстремизм дин, мазҳаб, наҷод ва миллат надорад ва онро ягон давлати дунё қабул надорад. Баръакс, бар зидди ин амалҳои номатлуби вабои аср муборизаи беамон бурда истодаанд. Имрӯз терроризм на ин ки хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналмилалиро ба худ касб кардааст. Таъсири терроризмро дар таърихи навини Тоҷикистон мо, баръало ҳис кардаем, ҳодисаҳои хунини солҳои аввали Истиқлолият ба ин шаҳодат медиҳанд. Баъд аз бастани Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ боз ҳам баъзе амалҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида, махсусан наҳзатиён алайҳи соҳибистиқлолӣ, алайҳи чеҳраҳои намоёни миллат идома ёфтанд. Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб якдилона мубориза бурдан ва нест кардани он ҷалб намудааст ва баҳри пеши роҳи ин гуна амалҳои номатлубро гирифтан тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст.

Дар солҳои истиқлолият вазъияти сиёсӣ ба эътидол омад, давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гашт, таҷрибаи сулҳи давлати моро дар хориҷа мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Мо бояд ин ганҷи бебаҳоро қадр ва муҳофизат кунем, биандешем, ки он бо кадом баҳое ба даст омадааст. Як бор ба вазъи кишвари ҳамҷавори мусибатзадаи Афғонистон, ки дар он ҷо чил сол боз давлат ва ҷамъият наметавонанд ба созиш оянд, ба алангаи оташи Сурия, Ироқ, Фаластин, Яман, Ливия ва баъзе ба дигар давлатҳо нигарем ва дарси ибрат барои худ гирем. Имрӯз он ҳама амалҳои хоинонаи душманони миллат ва ташкилотҳои террористӣ, минҷумла назҳатиёни ватангадо мо, ҷавононро бетараф гузошта наметавонад. Душманони миллат ба монанди ҳизби мамнӯъшудаи нааҳзат мехоҳанд, он ҳама нақшаҳои кашидаи хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда, кишвари биҳиштосои моро ноором гардонанд. Чунин шахсони ватанфурӯш ба қадри миллату давлат ва Истиқлолият намерасанд. Суханҳои бардурӯғ ва маблағҳои муфту ҳаром чашми онҳоро кӯр ва қалбашонро тира намудааст. Онҳо ин ҳама ободии Ватанро нодида гирифта, амалҳои нопоки хоҷагонашонро бар зидди миллаташон раво мебинанд. Мо, ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, пеши роҳи ин  амалҳои хатарзоро бигирем. Сарҷамъу муттаҳид шуда, нагузорем, ки ягон нохалафе фазои орому осудаи кишвари биҳиштосои моро ноором гардонад. Мо,ҷавонон барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон тадбирҳои мушаххасро амалӣ кунем. Яке аз роҳҳои  асосии мубориза бар зидди терроризм ин парваридани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Мо, насли ҷавони имрӯза, бояд барои пойдории амнияти Тоҷикистон бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму  экстремизм мубориза барем ва саъйу кӯшиш намоем, сулҳу суботи тоҷикон то абад пойдор бимонад.

Соҳиба Назарова,

омӯзгори МТМУ №7 ба номи Умари Хайём, шаҳраки Адрасмон