zoofirma.ru

Роҳ обод – мардум шодДар доираи тадбирҳои «Соли 2015-Соли идомаи роҳҳои обод» таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии роҳҳо дар қаламрави шаҳр вусъат меёбад.

ҶМ ТКММ «Апрелевка» (директори генералиаш Бахтиёр Маҷидов) бо дастури Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода пули дар даромадгоҳи шаҳрак воқеъбударо пурра таъмир намуд. Дарозии купрӯк 80 метр ва паҳноиаш 8 метр аст, ки пурра мумфарш гардид.

-Панҷ километр роҳи мошингузари ҳудуди шаҳрак низ пурра аз таъмири ҷорӣ баромад, - зикр дошт, раиси Ҷамоати шаҳраки Консой Мунира Халилова.

ҶМ ТКММ «Апрелевка» барои корҳои анҷомдодашуда 380 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кард.