zoofirma.ru

Варзишгарони арҷуманди Гулистони, ҳамасола ҳамчун анъана санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кули варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишӣ шаҳр табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои калони варзиширо таманно дорам.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чунонеки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, «Варзиш омили тавонои, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад». Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

 

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ меафзояд. Қабул гардидани якчанд Барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, ҷоизаҳо, грантҳои президентӣ ва сохта ба истифода додани даҳо иншоотҳои муҳташами варзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати кишвар нисбати рушду такомули варзиш шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлоли дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъи он беш аз 100 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини омавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Итминони комил дорам, ки минбаъд варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда обрӯ ва нуфузи шаҳри соҳили баҳри тоҷикро шоиста муарифи хоҳанд кард.

Бори дигар бо самимияти бепоён кули варзишгарони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!