zoofirma.ru

Кафолати ҳимояи ҳуқуқи интихоботиии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Агар ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон самаранок мавриди ҳимояи ҳуқуқӣ қарор нагирад ва шаҳрванд ин ҳуқуқи конститутсиониашро амалӣ карда натавонад, ин боиси нобоварии шаҳрвандон ба ҷараёни интихобот ва натиҷаҳои он мегардад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани ҳуқуқи интихоботӣ ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муайян шудааст. Яке аз асосҳои таъмини шаффофияти интихобот ин дахолат накардан ба кори комиссияҳои интихоботӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст. Дар интихобот ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ки синну солашон ба 18 расидааст ҳуқуқи иштирок намуданро доранд аз ҷумла шахсон дорои имконияташон маҳдуд.

 

Шахсони дорои имконияти маҳдуд категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ ба шумор рафта, ғамхории махсуси давлатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётии онҳо талаб менамояд. Чунки ин қишри ҷомеа вобаста ба доштани имкониятҳои маҳдуд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии хешро ба таври зарурӣ ба амал бароварда наметавонанд. Бинобар ин, сиёсати давлат ҳамеша ба самти дастгирии ин қишри ҷомеа нигаронида шудааст ва ба таври доимӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо андешида мешавад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ иштироки васеи шахсони дорои имконияти маҳдудро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла иштироки онҳоро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ ва таъмин менамояд. Яъне, ин қишри ҷомеа метавонад ба таври озод да интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда сарвари давлати худро тавассути овоздиҳии умумӣ, пинҳонӣ, бевосита ва баробар интихоб намоянд. Дар сурати имконияти ба участкаи интихоботӣ омаданро надошта бошанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардида, онҳо бевосита шахсан овоз дода, ба қуттии сайёр меандозанд. Дар сурати ҳозир шудани онҳо ба участкаи интихоботӣ, аммо имкони пур кардани блютенро надоштан ба онҳо кумак расонда мегавад, вале ба шарти вайрон нашудани раванди овоздиҳии пинҳонӣ. Барои мусоидат ҷиҳати иштироки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони бофарҳангу бомаданияти кишварро зарур аст, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш раъй диҳанд ва роҳи ояндаи кишвари азизамонро баҳри пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои нав ба нав муайян намоянд.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси МДРИ-и назди

шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон