zoofirma.ru

Дар толорҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва ҷамоати шаҳраки Консой филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо иштироки фаъолон ва толибилмон намоиш дода шуд.

Зимнан гуфт, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба кирдорҳои хоинони миллат, аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, қисса мекунад. Дидани манзараҳои ваҳшатангез, куштори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илми тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ, валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди он наҳзатиҳо анҷом додаанд, дар зеҳни ҳар як бинанда андешаи онро ки тоҷик ба ин хел ваҳшиёнат қодир нест ва инони ақли худро ба бегонагон дода бошад бедор мекунад.

Дар филми «Хиёнат» далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода шудаанд. Тамоши филм бори дигар моро ҳушдор месозад, ки аз насли чунин фарзандони бевиҷдон огоҳ гардида, дар оянда насли худро бо ғурури ватандӯстӣ тарбия намоем.