zoofirma.ru

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 август баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ эълон гардида буд.

Маъракаи интихобот ягона маъракаест, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ин ё он маҳал ва дар маҷмӯъ, тамоми мамлакат ҳамчун меҳвари асосии гуфтугӯи ошкоро қарор мегирад. Дар ин мубоҳисаҳо намояндагони ҳамаи табақаю гурӯҳҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд ва он яке аз роҳҳои изҳори ошкорои афкори ҷамъиятӣ мебошад.

Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо ба таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон бо ин, интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ арзи ҳастӣ доранд. Ҷумҳурии мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор ва баҳодурона гузошт. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонанд дар ташаккул ва амалигардонидани ҳокимияти худ аз он истифода намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.

Боиси хушҳолӣ ва сарфарозист, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва рӯҳияи идона баргузор гардид. Мардуми бофарҳангу бомаданияти кишвар дар интихобот фаъолона иштирок намуда ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш раъй дода, роҳи ояндаи кишвари азизамонро баҳри пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои нав ба нав муайян намуданд. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ширкат намуданд ва дар натиҷа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90.92% раъй ғолиб гардида барои ҳафт соли минбаъд Сарвари давлат таъин гардиданд.

Дар воқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзади арзанда ба мақоми мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва инро хидматҳои тӯлониашон дар замони Роҳбари кишвар буданашон собит месозад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хидматҳои фидокоронаи хеш ба қалаби ҳар як соҳибватан ҷой гирифтаанд. Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар интихоби номзади арзандаи хеш ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва ҳафт соли дигар зери  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон бо маром рушд намуда, барои ояндаи дурахшон қадамҳои эътимоднок мегузорад.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
сармутахассиси МДРИ-и назди шуъбаи
маорифи шаҳ
ри Гулистон