zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ, собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин манзур намуд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шароифзода гулистониёнро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Зикр гардид, ки таҷрибаи қабули Конститутсия дар кишвари мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».

Дар интиҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертӣ намоиш дода шуд.