zoofirma.ru

Ҳар санаву рӯзи ифтихордории мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Дар ин радиф рӯзи 16-уми ноябр низ аз соли 2016 дар китоби давлати миллии мо бунёдӣ навишта шудааст.

Ин рӯзи пурифтихору саодатбор аст: дар хотирҳо, дар дилҳо, дар вуҷуди мо эҳсоси вусъатбор пайванди ногусастанӣ дорад. Санаи 15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ворид гардидааст.

Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи башарӣ ва дар байни сиёсатмадорони машҳур яке аз симоҳои барҷаста мебошанд ва дар миқёси байналмилал мавқеи намоёнро ишғол менамоянд. Дилпур ҳастему дилпурона изҳор медорем: тамоми ҷидду ҷаҳди Пешвои муаззами мо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар кишвари азизамон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешуду дида намешавад. Таҳти роҳбарӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик пойдор асту устувор мемонад.

Ташаббусњои љањонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешсафии кишвари биҳиштосоямонро дар ин ҷода собит намудааст ва ин иқдоми саодатбору вусъатпазирро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадрдонӣ ва сазовори баҳои баланд медонанд.

Имрӯз кишварамон – Тоҷикистон қадамҳо ва иқдомҳои устуворро пеш мемонаду туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдору устувор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд.

– Бале, мегӯянд мардуми тамаддунсози тоҷик – рушди бемайлони кишварамон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бо қалби софу дидаи бино эҳсос менамоем: тадбирҳои фарҳангии Пешвои миллат дар ҷодаи ҷаҳонишавии Наврӯз, ба феҳрасти ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ ворид шудани чандин аз арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ҳам барои эътирофи мақом ва ҷойгоҳи диёри арҷмандамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштанд.

Дар соҳаи энергетика бошад, мо дилпурона зикр менамоем, ки имрӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» арсаи матонату худшиносии миллӣ буда, бунёд, ба кор даровардани агрегатҳои алоҳидаи он бо иштироку ҳузури Пешвои муаззами миллат ифтихору саодатмании халқи тоҷикро афзунбор гардониданд. Ва дар ин самт давоми Барномаи давлатии бунёди неругоҳҳои хурду бузург то соли 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он чандин неругоҳҳои бузург ҳам баҳрабардорӣ ва таҷдиду тармим қарор гирифтанд. Ҳамин тавр имрӯз кишварамон дурнамои расидан ба истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намуда, Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли неруи барқи тоза муаррифӣ гардид.

Истиқболи самимонаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсии олам ва давлатҳои ҷаҳон аз иқдомоти инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак ва гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан симои сиёсии Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри XXI эътироф гардида, имрӯз таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон мавриди омӯзиш мебошад.

Мо, мардуми тоҷик, миллати тамаддунсози тоҷик бо чунин абармарди покизаназар, шахсияти бузургу баркамол ва Пешвои муаззами миллат ифтихор дорем.

 

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

сармуҳаррири ҳафтаномаи «Соҳил»