zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз вазъи имрўзаи чанд иншооти истироҳатии маркази шаҳрро дидан намуд.

Зимни боздид вобаста ба тоза кардани гирду атрофи маркази солимгардонии “Усмонҷон”, заҳбуру алафҳои бегона, азнавсозии роҳравҳо, бурриши санитарии дарахтон, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулҳои садбарг ба мутасаддиён дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамчунин, аз ҳолати имрӯзаи боғи фарҳангии “Темурмалик” шинос гардида, ба масъулин тавсия дода шуд, ки боғи мазкур пурра азнавсозӣ карда шавад. Иброз гардид, ки дигаргун кардани боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик” дар соҳили «Баҳри тоҷик» боиси ҷалби сокинону меҳмонон ба ин минтақаи зебоманзар хоҳад шуд.