zoofirma.ru

Аз расонаҳои хабарӣ огаҳ мешавам, ки як ноодами бефаровездаҳон ва дасту дили нопокдошта бо номи Саидюнуси Истаравшанӣ аз хориҷи кишвар истода буҳтонҳо ва туҳматҳои беасосу бемазмуну бевазн нисбат ба Ватану миллати тоҷик мебофад. Дӯкони туҳматбофии ӯ он қадар шалақу вайрон аст, ки базӯр «қудрат»-и нимҷон дорад. Худи ӯ ба ёдам як пандеро овард, ки он чунин аст: «Синчалак-як намуд паррандаи хурд, ки пойҳояш мисли ғафсии сӯзон аст, шабонгоҳ ду пойчаҳои қоқашро боло карда мехобидааст, ки баногаҳ осмон фурӯ равад, онро медоштааст». Ана бинед, ки Кӯри Юнус ҳам, ки аслан бадзот будааст, мисли ҳамон парандача рафтор дорад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки Кӯри Юнус – зодаи шаҳри Истаравшан буда, писари Аббос ва набераи Бурҳон ном оқшудагони Ватан мебошад. Мегӯянд, ки ин хонавода аз насл ба насл бо каҷрафториву хоинӣ нон хӯрдаанд. Акнун дигаронро низ мехоҳанд, пайрави худ кунанд. Воқеан, авлодони Кӯри Юнус ҳама – бобо, падар, бародаронаш ва дигар намояндагони хонаводааш – худаш низ, бо ҳилаву найрангҳо, бо дуздиву шармсорӣ, зинокорӣ, тиҷорати маводи мухаддир – мисли вирус буданду радди маърака ҳам шудаанд. Онҳо ҳама авлодан даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задаанду имрӯз Кӯри Юнус боз аз ҳамон хислату хӯи бадаш, мехоҳад, ки мисли синчалакпаранда бо пойҳои харобу лоғару хушкаш гӯё осмонро медорад.

Кӯру бенаво ва ватангадо Юнуси бадтинат кист? Ӯ барои касб омӯхтан ба омӯзишгоҳи касбомӯзӣ дохил шуд. Бесаводӣ, беиродагӣ ва муфт хӯрдану ба таври чорпо чаридан Саидюнусро ба роҳи муллогӣ бурдааст. Ниҳоят ӯ аз худ мулло сохт. Ҳамсарашро ба омӯзиши ақидаҳои салафия талқин кард, ниҳоят ҳамсари ҷавонаш маҳбас шуд ва дар ёду ҳасрати фарзанд сӯхтанҳояш ва ёди падару модар ва бародар кардану маризигиҳо ӯро аз ҳаёт рабуд.

Кӯри Юнус аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои террористию экстремистӣ даст зад, ки дар натиҷа соли 1993 бо ҷурми пеш бурдани фаъолияти террористӣ дастгир шуда, бо ҳалномаи Суди вилояти Суғд ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Соли 1995 тибқи Қонуни авф аз маҳбас озод мешавад ва бо мақсади амалҳои нопоку ғаразнокашро амалӣ кардан ба шаҳри Қуми Эрон меравад, онҷо хеле корҳои ношоямро анҷом медиҳад, аз амалиётҳои террористии ДИИШ истифода бурдааст. Имрӯз косалеси Кабирии хоину миллатфурӯш ва ифротгаро аст. Имрӯз ҳама Кӯри Юнуси Истаравшаниро нафрин мегӯянд. Саидюнуси ватанзору миллатозори ноқисулақли муттаҳаму ба қавле кундапих яке аз душманони Ватани биҳиштосои мо мебошад ва дуруст тибқи қонун дар кофтукови расмӣ карор дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

«Соҳил»