zoofirma.ru

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо ҳайати корӣ Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо вазъи имрӯзаи ободонии маркази шаҳр, шаҳраки Сирдарё ва якчанд иншооти ҷашнии нотамом шинос гардид.

Нахуст Раиси шаҳр аз даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Сирдарё дидан намуда, ба масъулини шаҳрак доир ба навиштаҷоти овезадевор, таъмири низоми равшанидиҳӣ, пурра тоза намудани дарахтон ва гирду атрофи он ва шинонидани гулҳо супориш дод.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба истифодадиҳии як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз рафти корҳои таъмир Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз муассисаи таълимии томактабии №22-юми шаҳраки Сирдарё боздид намуд. Раиси шаҳр ҳангоми шиносоӣ ба идораи сохтмони асосии шаҳр ҷиҳати анҷоми босифати корҳо бо истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ супориш дод.

Инчунин ба масъулини дастур дод, ки рӯи ҳавлии муассиса обод карда шавад ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба ҷои боғи кӯҳна дарахтони мевадиҳанда шинонад. Корҳои таъмирро вусъат бахшида, бо истифода аз ҳавои мусоид қисмати корҳои асосии берунаро ба анҷом расонанд.

Раиси шаҳр зимни боздид аз кӯчаҳои маркзаии шаҳр зикр намуд, ки тозаву озода намудани шаҳрак ва гирду атрофи ду роҳи асосӣ, ки шаҳрвандон рафту омад мекунанд ҳамавақт тозаю озода бошад ва корҳои сабзгардонӣ, ободонӣ ва тоза кардани ҳудудҳои ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо мунтазам амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбари Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» супориши қатъӣ дод, ки баҳри ободу зебогардонии шаҳр ва гулгаштҳо чораҳои мушаххас андешида шуда, дар канори кӯчаҳо дарахтони  ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шавад.