zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки масъулини шаҳрдорӣ, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, зерсохторҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо ва фаъолон маҷлиси машваратӣ доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода оғоз бахшида, зикр намуд, ки аз 10-уми декабри соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ фаъолияти худро дар қаламрави ҷумҳуриамон оғоз намуд.

 

Сипас, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода суханронӣ намуд. Мавсуф доир ба вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ сухан ронд. Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. Доир ба густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ байни сокинон, гардиши хона ба хона, дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар кори маҷлиси машваратӣ инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” Маҳмадӣ Давлатов иштирок дошт.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба тавсеаи фаъолияти гурӯҳи тарғиботӣ, дар ҷамаоти шаҳракҳо диққати ҷиддӣ додан ба пардохти саривақтии ҳаққи неруи барқ, густариши корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин вазифагузорӣ намуд.