zoofirma.ru

Аз гуфтору муносибатҳои хоини Ватан-шахси ифротӣ ва инсони бадсиришт Кабирӣ аз тариқи васоити ахбори умум-интернет огаҳ шуда, ба хаёлам тортанак-анкабутеро, ки дар тори худаш маҳв шудааст, овард. Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари Паймони нопаймон бо номи Паймони миллӣ дар суҳбаташ доир ба ҷоришавии лимити барқ дар кишвар гуфта буд, ҳарзагӯӣ намуд.

Дар ҳаққи Ҳукумати Тоҷикистон бӯҳтонҳое гуфт. Аз ҷумла «Сабаби аслии ҷори шудани лимит ин аст, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад, ҳатто замоне, ки тавлиди барқ бо сабабҳои гуногун кам мешаваду танҳо барои масрафи дохил кофӣ аст, онро ба хориҷ мефурӯшад». Боз чунин тӯҳмату буҳтон офарид: «Ба хориҷ ҳам ба ҳамон нархе мефурӯшанд, ки дар дохил ба мардум фурӯхта мешавад. Аммо пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷ, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд». Ана ҳарчӣ ба даҳонаш меояд, чун тӯтӣ такрор мекунад, на мазмун дораду на асос!

Кабирии хоини Ватан ва миллат чизи объективӣ ва табииро ба хости худаш шарҳу тафсир медиҳад. Сабаби лағви лимити барқро Кабирӣ на бартараф шудани мушкилот дар соҳа, балки дар эътирози мардум мебинад. Баҳонаҷӯӣ ва даъвоҳои беасос мекунад.

Акнун, ки лимити барқ дар кишвар аз 10-уми декабри соли равон, бардошта шуд, Муҳиддин Кабирии хоину лофзан чӣ мегуфта бошад, чӣ даъвоҳое пеш меоварда бошад?

Дар навори беш аз нимсоатӣ, ки қисмати аввал ва асосии он ба мушкили барқ дар кишвар нигаронида шуда буд, роҳбари мухолифин-Кабирӣ ваъдаву баҳонаҳои ҳукуматро зери суол бурд ва гуфт, ки барқ дар кишвар аз он чӣ барои дохил лозим аст, бештар тавлид мешавад.

Бинед, бо чашми ақлу дил таҳлил намоед, ки Кабирӣ худаш кӣ ҳасту чаро ба мушкилоти барқ дахолат мекунад? Гӯё ӯ мутахассиси ин соҳа бошаду проблемаҳои онро таҳлилгар бошад? Ин аст тортанаке, ки ба тори худаш маҳв мешавад. Кабирӣ он вақте, ки дар Тоҷикистон кору пайкор дошт, ба ҳалли мушкилоти барқ чӣ саҳме гузошт? Акнун аз хориҷи кишвар истода, он ҳама рӯйдодҳои барқро бо тарозуи шалақи фикраш бармекашад?!

Нодида кӣ ҳаст, пешравиро нодида мегирад. Кабирӣ, лимити барқ бартараф шуд, чаро хурсанд намешавӣ?

Имрӯз мардуми моро барқ рӯҳбаланд кард, хонаҳояшон нуру сафои дилбарӣ гирифт, ҳал шуд, ҳама хурсанду шарафманданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

«Соҳил»