zoofirma.ru

Масъалаи хеле муҳим ва актуалӣ барои ҷомеа имрӯз ин аст, ки дар ҳар бобат, дар хар шароит бояд ҷавононро аз пойбандӣ ба зуҳуроти экстремизм ва терроризм эмин ва ҳифз кард, ин масъулият дар вазъияти кунунӣ уҳдадории ҳар каси ҳушёру зирак ва худшиносу худогоҳ мебошад. Ҷомеа чунин талаботи заруриро имрӯз ба арсаи ҳаёт овардааст. Чаро?

Барои он ки дар таърихи ҳаёти инсон ба таври ҳамешагӣ сӯистифода аз нерӯӣ ҷавонон пеш омада, ба ин васила мақсадҳои нопок ба иҷро мерасиданд. Бархе аз ҷавонон бо сабабҳои мухталиф ба таъсири харобиовар бештар дучор меомаданд ва ин ҳолат имрӯзҳо низ идома дорад.

Ҷомеашиносон, коршиносон ва аҳли маърифат бар он назаранд, ки ҷалби ҷавонон бо ҳар роҳу восита бештар зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ осонтар сурат мегирад ва дар ин маврид бо андак роҳнишондиҳӣ дар шуур ва муҳити ҷавонон ақидаҳо ва эътиқодҳои радикалӣ ба осонӣ шакл мегиранд, ки ин омил онҳоро талқин менамояд, ки ақлу ҳушро гум намоянд, аз даст бидиҳанд. Ана ба ин равия ҷавонон зуд ба пасу пеши зиндагӣ ва ҳаёт нигоҳ накарда, чашмашонро парда мегирад ва ниҳоят онҳо сафеду сиёҳро фарқ карда наметавонанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳамчун намунаи ибрат интихоб кардани ҳар сухану кирдори шахсони худогоҳу ҳушёру зираки замон барои онҳо хеле ва хеле зарур ва муҳим мебошад. Агар каме ҳам бошад ба беэътиборӣ роҳ дода шавад, гурӯҳҳои террористӣ ҷавононро бо осонӣ ба манфиатҳои сиёсӣ ва мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Дар ҷаҳон чунин омилҳо идома доранд ва мо тариқи васоити ахбори омма аз ин амалҳои ношоиста огаҳӣ пайдо кардаем.

Террорист ва ифротгаро ин ҷинояткор ва ғоратгару ҷаллод аст, ки ба номи инсон доғ овардаасту меоварад ва аз ин тоифа ҳамеша ҳазар бояд карду дурӣ бояд ҷуст. Ифротгаро ва террорист на дили поку ақли расо ва чашми бинову гӯши шунаво дорад, бинобар он дасти хоҷагони заҳҳоксиришти худро маҳкам дошта, барои амалисозии мақсадҳои разилу нопоки худ ҳамчун рӯбоҳ аз ҳиллаву найранг истифода мебарад.

Гурӯҳи ҷиноятпеша, террористӣ ва экстремистӣ ҳамеша барои ба амал баровардани амалҳои разилонаи худ маҳз ҷавононро истифода бурда, ба гурӯҳаш шомил мекунад.

Ба ин гурӯҳ асосан ҷавонони сустиродаву камсаводу беҷуръат ҳамроҳ мешаванд, зеро ки доми фиреби саркардаҳои равияи хатарзоро намедонанд. Шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сокинони кишвари азизамон, ба хусус ҷавонон соҳибмаълумоту маърифатпарвар ва ҳушёру зирак буданро талаб менамояд.

Абдумалик Шоназаров,
мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ
ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр