zoofirma.ru

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ соли пурташвиш ва нигароникунанда буд. Махсусан, бо пайдо шудани бемории сироятии Ковид-19 ва паҳншавии он ба саросари ҷаҳон.

Дар ин миён Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд якчанд чорабиниҳои муҳими сиёсиро аз қабили интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагон ва маҷлиси вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намуд. Албатта, дар ин муддат чашми ҷомеаи ҷаҳон ба сӯи кишвари мо буд ва алалхусус хоинони миллат ва саркардагони онҳо Кабирӣ. Мебинем, ки пас аз бомуваффақият ба поён расонидани соли душвору сангин ва иҷрои як қатор корҳои зондагиву бунёдкорона ба истиқболи ҷашни ҳумоюн ва таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон душманону хоинони миллат бо чашми ҳасуд ва олуси худ нигоҳ намуда аз пайи барангехтани фитнаву иғвоҳои навбатиашон гардида истодаанд. Онҳо мисли он ки аз зери нохун чирк мекобанд ба ҳар як воқеа бо назари танқидӣ ва агар гӯем ба назари пурғараз, ки аз сарҳади назари танқидӣ фарсахҳо дур аст менигаранд.

Дар ин замон ҳар чӣ хусумату буҳтону ҳасудиеро, ки дар дил доранд бо назари айёрона ва маккорона бо ҳазор ранг оро дода ба намоиш мегузоранд. Онҳо бо ин роҳ дар талошанд, ки ба сафҳои худ ҷавонони ноогоҳ - духтарон, ҷавонписарон, ҳатто донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои умумиро ҷалб намоянду аз онҳо сӯистифода баранд. Дақиқ гаштааст, ки аз пайи ин амалҳои нангини онҳо даҳҳову садҳо модарон аз фарзандони худ маҳрум шуда, садҳо ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба аз рӯзгору зиндагӣ маҳрум гардидаанд. Ҳазорон кӯдакон ятим мондаанд. Ҳазорон модари танҳо шабу рӯз дар фикри чӣ тавр ба воя расонидани фарзандони бепадар мондаи худ мебошанд. Магар арзиши ашкҳои зори модарони танҳоро Кабирӣ ва дигар пасравонаш медонанд? Албатта не, ва ба онҳо ҳеҷ фарқе надорад, ки ояндаи он нафарони аз дасисаҳои онҳо ба ин ҳол гирифтор шуда, чӣ хоҳад шуд. Онҳо танҳо аз пайи қонеъ намудани нафси шайтонии худ ҳастанду бас.

Аз ҳамин хотир баҳри пешгирӣ аз ин падидаҳои басо номатлуби ҷомеа - экстремизм ва терроризм Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас ва муассирро роҳандозӣ намуда истодааст. Президенти мамлакат дар яке аз Паёмҳои худ таъкид карда буданд, ки: «Инсоният дар симои терроризми байналмиллалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯ намегардонад». Бешубҳа, кирдорҳои иғвогаронаи Кабирӣ ва пасравонаш шаҳодати ин гуфтаҳост. Бинобар ин шаҳрвандони азизи кишварро зарур аст, ки ба суханҳо ва амалҳои ғаразноки онҳо додаву фирефта нашаванд. Дар раванди зиндагии орому осуда, дар шароити амну субот ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ машғул шуда, баҳри муаррифии кишвари биҳиштосои  худ ҳамчун маскани сулҳу дӯстӣ ва рафоқату бародарӣ ҷидду ҷадал намоянд.

Таҳмина Файзуллоева,

мудири МДТТ шаҳри Гулистон