zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти шаҳрдорӣ, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолони даъватшуда дар толор иштирок доштанд.

Муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода доир ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар соли 2020 қисми даромади буҷети давлатӣ 102,9 фоиз иҷро шуда, нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 105,3 фоиз иҷро гардид. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2020 ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

 

Корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро то ба 2,5 маротиба зиёд ба иҷро расониданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр бо 17 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ доштанд. Гардиши савдои хориҷӣ 113,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 79,3 миллион долларро ташкил дода, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 34,2 миллион доллар баробар шуда, фарқияти содирот аз воридот 2,3 маротиба зиёд шудааст.

Дар давоми соли ҳисоботӣ муштариёни шаҳр ба маблағи 106,7 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда, дар ин давра 101,6 миллион сомониро пардохт намуданд, ки ин нишондиҳанда 95,1%-ро ташкил додааст.

Дар раванди пурсиш ва таҳлили натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ доир ба таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ба истеҳсолот, кам кардани бақияи маҳсулоти дар анбор буда, пардохти саривақтии ҳаққи неруи барқ, сириштакорӣ дар истифодаи қувваи барқ, кам кардани талафоти он, доир ба пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, иҷрои буҷет ва ғанигардонии он, ташкили ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ба масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва монанди ин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба як қатор корхонаву идораҳо барои натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ дар соли ҳисоботӣ ва ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сипосномаву туҳфаҳои молӣ ва пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.