zoofirma.ru

Дар миёни мардуми олам миллати ҷафокашидаи тоҷик низ истисно нест. Ин миллати пуртоқат ҳазор сол интизорӣ кашид, то наҷотбахше пайдо шаваду як хиёнати рӯҳониёни ҷоҳталаби асолатбохтаро, ки мардумро гумроҳ карда, аз мубориза бар зидди душманони беруна боздоштанд ва дарвозаҳоро ба рӯи аҷнабиён боз карданд, ҷуброн кунад… Баъд аз ҳазор сол бо вазидани насими истиқлол аввалин тундбоди ҷаҳолат низ ҳамроҳи ришу саллаи як зумра бемағзон вориди ҳаёти ин миллат гардид. Ҳаёте, ки талхиаш то ҳанӯз дар коми модарони фарзандгумкарда ва фарзандони ятиммонда барҷост. Як гурӯҳ гумроҳкунанда буданд, гурӯҳи дигар гумроҳшуда ва чун ҳамеша теъдоди ниҳоят каме вуҷуд дошт, ки роҳи дурусти баромадан аз зулмотро медонист. Ин теъдоди ками шахсиятҳои огоҳ низ ба раҳнамое ниёз доштанд, ки тавонад онҳоро дар наҷоти халқу давлат роҳбарӣ кунад. Ба бахти тоҷикон ин шахси наҷотбахш дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва ниҳоят миллат Пешвои ҳақиқии худро ёфт.

Пешвое, ки барои миллат сулҳу оромӣ ва бахту саодат овард. Воқеан, барои миллати тоҷик хушбахтии бузурге даст дод, ки дар шароити тақдирсоз ва вазъияте, ки ҳеҷ кас ба ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бовар надошт, фарзанди баномус ва ватандӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, дар дили халқ шӯълаи умедро дурахшон карданд. Маҳз аз даврае, ки мавсуф раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо ҷасорату эътимод ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, халқи тоҷик дар симояшон Пешвои воқеии худро дид. Маҳз дар ҳамин давра бо роҳандозии дурусти сиёсати дохилӣ ва дипломатияи байналмилалӣ, аз як сӯ, мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват намуданд ва аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳониро ба афзалиятҳои хотимаи ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои минтақа мутақоид сохтанд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар чунин шароити сангин аз буҳрони нон дида, буҳрони идеологӣ вазнинтар буд ва пас аз пошхӯрии ИҶШС ин буҳрон яке аз омилҳои асосии қаҳтиву бесарусомониҳо гардид. Чун фазои идеологӣ холӣ монд, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки аксарашон аз берун идора мешуданд, бо мақсади аз байн бурдани давлатдории тоҷикон дар миёни мардум фитнаву тафриқа оғоз карда буданд. Гурӯҳе низоми коммунистиро таклифу тарғиб мекарду гурӯҳе низоми диниро аз ҳама муҳим мешумурд, гурӯҳи дигаре низомҳои демократиро.

Мардум роҳгум зада буд! Ин вазъиятро танҳо шахсе ба даст гирифта метавонист, ки иродаи қавии сиёсӣ дорад ва ин шахс Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром гузоштан ба андешаи ҳамаи фирқаву гурӯҳҳо ташаббусро ба даст гирифт ва аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи тақдирсоз иброз доштанд, ки ман шахсан ҷонибдори ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Ин иродаи таърихӣ минбаъд дар шакли меъёри конститутсионӣ низоми имрӯзаи давлатдории моро муайяну мушаххас сохт ва ҷомеаро аз гирдоби номуайяниҳо раҳонид. Ҳамзамон Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ки мо дар роҳи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллиамон роҳи муайяни худро дорем ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз модели дигар кишварҳо нусхабардорӣ нахоҳем кард ва иҷозат ҳам намедиҳем кадом як модели дигари давлатдориро сари мо таҳмил кунад.

Дар доираи чунин принсипҳо сутуни давлатдории навини тоҷикон мустаҳкам гардид. Ҳамзамон ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва рукну арзишҳои муҳими конститутсионӣ ҳанӯз фазои идеологӣ ташвишовар ба назар мерасид. Пешвои миллати тоҷик инро аз рӯзҳои аввал дарк намуданд ва фавран дар пайи аз байн бурдани холигоҳи идеологӣ аз роҳи ба вуҷуд овардани идеологияи нави миллӣ ва ҷавобгӯ ба ормонҳои ҳазорсолаи халқи ҷафокашидаи тоҷик гардид. Ҳоло рӯзе фаро расидааст, ки шаҳрвандони кишвар ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд ва дар зери ҳидоятҳои фардосози он кас баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолияти босамар ба роҳ монанд.

Фаридуншоҳ Абдуллоев,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон