zoofirma.ru

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омодагии сокинон ва тамоми соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақша беш аз 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Панҷакент, инчунин корхонаҳо ва соҳибкорони шаҳр, аз ҷумла ҶДММ “Фаровон”, “Хубҷамъинвест”, “Таъминоти моҳӣ”, “Мурғи аълосифат” ва “Зуҳал” ба сокинони маркази шаҳр пешкаш карда шуд.

 

Сокинон аз ярмарка бо нархҳои нисбатан арзон аз бозор 15-20 фисад маводҳои ниёзи худро харидорї намуданд.