zoofirma.ru

Тамадуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи милодӣ чӣ қадар давлатҳои хурду бузург аз миён рафтанд, чӣ қадар халқу миллатҳои бо нуфуз аз харитаи олам беному нишон гаштанд ва забонҳои машҳуру фарҳангҳои оламгир ба фаромӯшхонаи таърих афтоданд.

Давлатдории тоҷикон низ сахтиҳои зиёди таназзул ва эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид. Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ки ба 9 сентябри соли 1991-ум рост омад арзиши бузурги давлатдории тоҷикон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон инак 30 сола мешавад 30 соли соҳибистиқлолӣ, 30 соли пешравиҳои назаррас, 30 соли давлатдории мустаҳкам ва ҳимояи арзишҳои миллӣ мебошад. Ин ҳама пешравиҳо, тинҷиву оромӣ ба осони ба даст наомадааст. Ин ҳама заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки бо баробари бадастории соҳибихтиёрии миллию давлатӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлат афзалияти бештар пайдо мекунад. Ҳамин тавр, соҳибихтиёрии давлатӣ, ки истиқлолияти комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ маънидод мешуд, тағйири мазмун менамояд. Бо вуҷуди ин, дар ҳолати мазкур дар муносибатҳои байналмилалӣ на коҳишёбии соҳибихтиёрии давлатҳо, баръакс механизми мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ пазируфта мешавад, зеро давлатҳо ба муқобили хатарҳои бузурги байналхалқӣ (терроризм, экстемизм, сепаратизм ва ғайра) имкони дар алоҳидагӣ бурдани муборизаро соҳиб нестанд. Ин падидаҳо амнияти давлатро зери хатар қарор дода эҳтимолияти аз байн бурдани якпорчагии давлатро ба вуҷуд меорад.

Хусусан дар шароити муосир  терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои асосӣ ба Истиқлолияти давлатҳо ба шумор меравад. Мутаасифона терроризм ва экстремизм дар сиёсати байналхалқӣ ҳам "баҳонаи сулҳ" ва ҳам "баҳонаи ҷанг" шудааст. Як давлате гунаҳкори терроризм шуда тамоми қувваҳои низомӣ ба он ҷо кашида шуда, гирифтори ҷангу хунрезиҳо мешавад. Кишвари дигарро қурбони терроризм унвон намуда, ба хоки он неруҳои ҳарбии байналмилалиро ворид мекунанд ва вазъи сиёсию амниятӣ, суботӣ ва муҳимтар аз ҳама истиқлолияти онро зери хатари амиқи нобудшавӣ қарор медиҳанд.

Яке аз сабабҳои асосии сар задани терроризм ва экстемизм дахолати бевоситаи қудратҳои ҷаҳон ба корҳои дохилии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  низ зарур аст, ки дар самти таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ бештар ба захираҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бахусус, дар ин самт механизмҳои "нарм"-и ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлати муҳим мебошад. Дар оянда Тоҷикистон чор унсури муҳими давлатдорӣ: ҳуқуқбунёдӣ, дунявист, ягонагӣ ва татбиқи воқеии принсипҳои демократия омили ногузир ва боэътимоди ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун фазои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва ғояҳои созанда бояд ҳифз кард, арзишҳои волои  давлатдориро аз манфиатҳои фардию оилавӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, пайи татбиқи санадҳо бунёдии давлатдорӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар саъю талош намуд.

Муҳрулло ИНОЯТОВ,

аъзои иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон