zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” гузаронида шуд. Дар он аз рӯи чор номинатсия: ороиш ва мӯйбофии қадима, ороиши мӯй дар мавзӯи “Олами афсона”, ороиш ва мӯйбофии замони муосир ва намоиши гесӯи дарозтарин бонувону духтарони гесӯдароз ширкат варзиданд. Мақсади баргузории Фестивал тақвияти муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии арӯсбарон, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ буд.

Дар фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” зиёда аз 80 нафар хонандагони муассисаҳои томактабӣ, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва занону духтарони шаҳр иштирок намуданд. Дар натиҷа дар номинатсияи “Ороиш ва мӯйбофии қадима” Солеҳа Саидмуродова, Моҳира Худоёрова ва Шаҳноза Қурбонзода, дар номинатсияи “Ороиши мӯй дар мавзӯи «Олами афсона» Шукрия Одибоева, Шаҳзода Ҷалилзода, Моҳзода Раҳимова, дар номинатсияи “Ороиш ва мӯйбофии замони муосир” Мубина Султонова, Мафтуна Аминова, Ширина Ҳоҷиматова ва дар номинатсияи “Намоиш гесӯи дарозтарин” Алямира Музаффарова, Сабрина Носирова ва Шабнам Ҷумаева ғолиб гардиданд. Ғолибони фестивал-озмун ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфа, диплом ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.